АУДИТОРИ ДОХИЛӢ

Душанбе

Обязанности:

  • Гузаронидани баҳодиҳии системаи самаранокии назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо ва идоракунии корпоративӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти Ҷамъият;
  • Гузаронидани мониторинги риоя кардани тартиби назорати дохилии Ҷамъият;
  • Расонидани кӯмак, машваратдиҳӣ ва дастгирии касбӣ ба дигар воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Ҷамъият, аз он ҷумла ба ашхосе, ки дар татбиқ намудани назорати дохилии Ҷамъият иштирок менамоянд;
  • Гузаронидани санҷишҳои аудитории дохилии нақшавӣ ва ғайринақшавии воҳидҳои сохторӣ ва/ё бизнес – просессҳои Ҷамъият;
  • Таъмин намудани воҳидҳои сохтории дахлдор ва роҳбарияти Ҷамъият бо маълумот оид ба масъалаҳои хавфҳо ва назорат;
  • Ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунӣ тавассути гузаронидани аудит, санҷишҳо, мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои аудити дохилии фаъолияти Ҷамъият;
  • Гузаронидани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирӣ намудани вайронкунӣ ва камомадҳо тавассути расонидани маълумот дар бораи ошкор намудани вайронкуниҳои муҳим ва камбудиҳо то кормандон ва роҳбарияти Ҷамъият;
  • Таҳия намудан ва пешниҳод кардани тавсияҳои дахлдор оид ба мукаммал намудани тартиби идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ бо истифодаи муносибати мураттаб ва пайваста;
  • Гузаронидани мониторинги чорабиниҳо, ки дар Ҷамъият ба нақша гирифта шудааст ва ё мавриди татбиқ қарор дорад, бо мақсади аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Ҷамъият иҷро намудани тавсияҳо, талаботҳо оид ба натиҷаҳои аудитҳои дохилӣ ва берунӣ, ҳамчунин санҷишҳои дигар мақомотҳои назоратӣ;
  • Иштирок дар санҷишҳои хизматӣ, дар гузаронидани санҷишҳои махсус;
  • Риоя намудани махфияти маълумот ҳангоми фаъолият ва иҷрои ваколатҳои худ;
  • Таҳия намудани ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки масъалаҳои назорати дохилиро ба танзим медароранд;
  • Назорат намудани иҷрои талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ва ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилотию амрдиҳандаи Ҷамъият;
  • Омода намудани маълумот, ҳисобот барои пешниҳод ба роҳбарият ва Шурои директорони Ҷамъият;
  • Гузаронидани дигар расму қоидаҳо, ки барои расидан ба мақсадҳои аудити дохилӣ зарур аст, мувофиқи стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ (МОПП/МПС);
  • Саривақт ва босифат иҷро кардани дигар супоришҳои хизматии хаттӣ ва шифоҳии роҳбари бевосита худ дар доираи салоҳият / ваколати худ ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Саривақт додани маълумот ба роҳбари бевосита дар бораи пайдо шудани ҳолатҳои ғайристандартие, ки бо тартиботи амалкунанда муайян карда нашудааст.

Требования:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ва ё молиявӣ;
  • Таҷрибаи кории на кам аз 5-сола дар соҳаи аудити дохилӣ ва ихтисос;
  • Донистани қонунгузории амалкунанда дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ ва дигар;
  • Донистани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • Донистани сохтор ва бизнес – просессҳои Ҷамъият;
  • Донистани системаҳои ТИ-и Ҷамъият (1С ва дигар);
  • Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ бартарият медиҳад.

Преимущества нашей компании:

  • Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
  • Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);
  • Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
  • Музди меҳнати рақобатпазир;
  • Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
  • Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.

Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 16 марти соли 2025 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).

Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Аудитори дохилӣ ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад. 

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.