КОРШИНОС ОИД БА МАРКЕТИНГИ МАҚСАДНОК
Душанбе
Обязанности:
-
↗ Таҳия ва татбиқи стратегияҳои маркетинги мақсаднок бо истифода аз маълумоти муштариён ва таҳлили рафтори онҳо;
-
↗ Таҳлили сегментҳои муштариён ва муайян намудани гурӯҳҳои мақсаднок барои пешниҳоди маҳсулот, хизматрасониҳо ва пешниҳодҳои маркетингӣ;
-
↗ Таҳия ва роҳандозии маъракаҳои маркетингии мақсаднок тавассути SMS, USSD, каналҳои рақамӣ ва дигар воситаҳои дастрас;
-
↗ Омода намудани интихобҳои муштариён (target audience) мутобиқи меъёрҳои муайяншуда ва талаботи маъракаҳои маркетингӣ;
-
↗ Мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои маъракаҳо, баҳодиҳии самаранокии онҳо ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани натиҷаҳо;
-
↗ Гузаронидани таҳлилҳои муқоисавӣ ва A/B-тестҳо барои муайян намудани пешниҳодҳо ва механизмҳои самараноки маркетингӣ;
-
↗ Ҳамкорӣ бо воҳидҳои маркетинг, фурӯш, IT, таҳлилӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳангоми таҳия ва татбиқи маъракаҳо;
-
↗ Омода намудани ҳисоботҳо, таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба натиҷаҳои маркетинги мақсаднок ва саҳми онҳо дар афзоиши даромад, нигоҳдории муштариён ва истифодаи маҳсулот.
Требования:
-
Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, иқтисод, молия, таҳлил, IT ё соҳаҳои ба ин монанд;
-
Ҳадди ақал 2–3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг, маркетинги мақсаднок, таҳлили маълумот, CRM ё телекоммуникатсия;
-
Донистани принсипҳои сегментатсияи муштариён ва target marketing; малакаи таҳлил ва кор бо маълумоти калон; фаҳмиши KPI-ҳои маркетингӣ; қобилияти таҳлили натиҷаҳои маъракаҳо ва гузаронидани A/B-тестҳо; таҳияи ҳисоботҳо ва хулосаҳои таҳлилӣ;
-
Донистани забони русӣ — хуб; забони англисӣ — сатҳи миёна ё болотар;
-
MS Excel — сатҳи хуб/баланд; Power BI ё дигар воситаҳои визуализатсияи маълумот; CRM ва системаҳои таҳлили муштариён; донистани SQL — бартарӣ ҳисобида мешавад;
-
Тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ, диққат ба ҷузъиёти кор, ташаббускорӣ, қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот, натиҷагароӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ ва муоширати хуб.
Преимущества нашей компании:
-
Музди меҳнати рақобатпазир;
-
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
-
Офис дар маркази шаҳр;
-
Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
-
Музди меҳнати рақобатпазир;
-
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
-
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ;
-
Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 15 октябри соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “ КОРШИНОС ОИД БА МАРКЕТИНГИ МАҚСАДНОК” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.