МУТАХАССИС ОИД БА МАЪМУРӢ ВА ДАСТГИРИИ СИСТЕМАҲОИ ТИ
Душанбе
Обязанности:
-
Навиштани дархостҳои SQL дар Oracle (SELECT, JOIN, GROUP BY, HAVING, INSERT, UPDATE, DELETE);
-
Кор бо процедураҳои захирашуда (PL/SQL);
-
Таҳлили хатогиҳои барнома (логҳо) ва муайян намудани сабабҳои онҳо;
-
Кор бо системаҳои Windows Server ва Linux;
-
Кор бо REST API, протоколҳои HTTP/HTTPS ва формати JSON;
-
Дастгирии техникӣ ва бартараф намудани мушкилот дар системаҳои пардохтӣ;
-
Ҳамкорӣ бо дигар бахшҳо ҷиҳати такмил ва беҳтарсозии системаҳо.
Требования:
-
Маълумоти олии техникӣ (ИТ, барномасозӣ, системаҳои иттилоотӣ);
-
Таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол;
-
Маҳорати таҳлили хатогиҳои барнома (логҳо) ва муайян намудани сабабҳои онҳо;
-
Таҷрибаи кор бо системаҳои Windows Server ва Linux;
-
Таҷрибаи дастгирии техникӣ ва бартараф намудани мушкилот дар системаҳои пардохтӣ;
-
Қобилияти ҳамкорӣ бо дигар бахшҳо ҷиҳати беҳтарсозии системаҳо.
Преимущества нашей компании:
-
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини тамоми кафолатҳо ва имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
-
Офиси замонавӣ дар маркази шаҳри Душанбе (МТ «Созидание»);
-
Реҷаи кории мусоид: 09:00–18:00, 5/2;
-
Музди меҳнати рақобатпазир;
-
Дигар ҷубронпулиҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилии ширкат.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 31 августи соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “ Мутахассис оид ба маъмурӣ ва дастгирии системаҳои ТИ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ширкат ҷавобгӯ мебошанд.